Ҳақназар Назаров медали 5-уми Тоҷикистонро ба даст овард

Имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 Ҳақназар Назаров аз намуди гӯштини кураш дар вазни то -90 кг медали 5-умро барои Тоҷикистон ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик дар даври якум бар Жамалбек Уулу аз Қирғизистон ва дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Коматсу Чисатои ҷопонӣ пирӯз гардид.

Дар даври нимниҳоӣ Ҳақназар Назаров аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ Ким Мингю мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Қаблан аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, -81 кг)- медали тилло, Темур Раҳимов (ҷудо, +100 кг)- медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, -73 кг)- медали биринҷӣ ва Хайрандеш Муродзода (гӯштини кураш, -66 кг)- медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд.