✅ Ташаккул додан ва таъмин намудани рушди иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, низоми ягонаи нақлиётӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии кишварҳо барои ҳама ҷонибҳо аҳамияти хосса дорад.
✅ Имрӯз дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, вумъат додани имкониятҳои содиротии кишвар, беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисодии муваффақона амалӣ шуда истодааст.
✅ Дар бистсоли охир ба кишвари мо беш аз 150 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба маблағи умумии 60 млрд сомонӣ сармояи мустақил ҷалб гардидааст.
✅ Дар кишвари мо саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегияи миллӣ эълон шудааст. Дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардида, то имрӯз беш аз 3 ҳазор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2000 – ум 31 баробар афзудааст.
✅ Мо имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунанда табдил ёфтааст. Яъне дар як муддати кӯтоҳ номгӯи молу маҳсулоти содиротӣ ба 450 расидааст, ки нисбат ба соли 2000 – ум 25 баробар зиёд мебошад.
✅ Бо дарназардошти тадриҷан ҷорӣ намудани иқтисодиёти сабз ҳамкориҳои мо метавонанд ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадор саҳми арзанда гузоранд.