САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ТИБ ВА РУШДИ ТИББИ ХУСУСИВУ СОҲАИ ДОРУСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 29-уми сентябр Форуми байналмилалии Душанбе – инвест – 2023 дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон кори худро идома дода, дар бахши 8-ум масъалаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тибро баррасӣ намуд.

Форуми мазкур, “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон дошта, ҳадафи он ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва бештар намудани ҳамкорӣ дар соҳаи тиб мебошад. Дар оғози Форум Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода оиди фазои тиббӣ дар кишвар маълумот дод ва кори форум идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тиб қабл аз ҳама сифати хизматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон зиёд гардонида, ба ворид гардидани технологияи навин мусоидат мекунад. Ҳамзамон бо рушди соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон имкониятҳо бештар мегарданд ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон мавриди дорусозӣ қарор мегиранд. Ин раванд ба буҷа низ таъсири мусбат мерасонад ва соҳаи дорусозиро ривоҷ медиҳад.

Таҳияи Қаландар Норов