Дар Кохи Истиқлол маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид.
Дар кори он раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок доранд. Дар оғози маросими ифтитоҳӣ тариқи наворӣ суханронии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш гардид. Сарвари давлатамон дар суханронии худ қайд карданд, ки имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 60 давлати ҷаҳон робитаҳои ҳамкории иқтисодии худро ба роҳ мондааст.
Лозим ба қайд аст, ки дар Кохи Истиқлол танҳо маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир шуда, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои он дар шакли панелӣ идома меёбанд. Хабару гузоришҳои моро аз ҷараёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе инвест 2023 пайгирӣ намоед.
Парвина Самандарзода