Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дорад

Рӯзи дуюм аст, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Мувофиқи тартиби озмун иштирокчиён аз рӯи таминатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тақсим карда шуданд.

Ҳоло иштирокчиёни даври ниҳоии озмун аз тамоми қаламрави кишварамон ҷамъ омадаанд. Мувофиқи ҷадвали озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ довталабон аз руи наминатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд. Гулдасташо Амирхонов сардори шуъбаи фарҳанги ВМКБ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар маҷмӯъ 92 нафар довталаб аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд ва имрӯз бо як таёрии хуб барои рақобат кардан ҳозир шуданд.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат аз ҳисоби хонандагони мактабҳои миёна мусоидат карда, барои рушду инкишофи ҳунари минбаъдаи онҳо замина мегузорад. Чила Толибекова хонандаи синфи 11 – уми МТМУ рақами 24 – и ноҳияи Рушон буда, соли сеюм аст, ки дар озмуни мазкур аз руи наминатсияи сарояндагӣ иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки соли гузашта то даври ҷумҳуриявӣ омада, сарзовори ҷойи намоён нагаштааст ва имсол умед дорад, ки муваффақ мегардад.

Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз руи наминатсияи сарояндагӣ Малоҳат Шораҳматова хонандаи синфи 10 – уми МТМУ рақами 17- и ноҳияи Дарвоз буда, соли аввал аст, ки дар озмун иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки аз баромади имрӯзаи худ қаноатманд аст вале агар сазовори ягон ҷойи намоён нагашт, руҳафтода нагардида, боз соли оянда аз нав иштирок менамяд.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” хонандагоне, ки дар даври ниҳоии озмун сазоваори ҷойҳои намоён мешаванд, омӯзгорони онҳо низ бо мукофотҳои пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Солҳои қабли озмун аз рӯи 3 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар се жанр – академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ багузор мегардид. Имсол бо иқдом ва таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низомномаи озмун боз ду наминатсияи дигар, яъне санъати тасвирӣ ва дизайн ворид карда шуд ва онҳо имсол бори аввал баромад менамоянд. Даври ниҳоии озмун то 30 сентябр идома када, дар он зиёда аз 500 довталаб иштирок меварзанд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”