Темур Раҳимов ба финали вазни +100кг дар мусобиқаи Asian Games-2022 ба баромад

Имрӯз, дар рӯзи сеюми рақобатҳои ҷудои Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 паҳлавони шинохтаи кишвар – Темур Раҳимов тавонист ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёбад.

Дар рақобати финалӣ Темур бо варзишгари АМА Магомедумар Магомедумаров рақобат мекунад.

Барои роҳ ёфтан то финал Темур дар рақобати аввалаш паҳлавони мизбон Ли Руйхуанро шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ Ким Минйонгро аз садри роҳ дур кард.

Рақобати финалии Темур Раҳимов бо Магомедумар Магомедумаров баъд аз нисфирӯзӣ доир мешавад.

Сорбон Амонуллозода