БАҲРИ АРАЛ ВА ФОҶИАИ ОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша дар дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва хамкории судманду созанда пеш хоҳад бурд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Об сарчашмаи ҳаёт ва зисту зиндагӣ дар рӯи замин аст. Саҳми он дар таърихи пайдоиши сайёраи Замин, ҳаёт ва ташаккулёбии иқлим бузург аст. Бе об мавҷудияти зинда имконнопазир мебошад. Об ин мӯъҷизаи ҳаётӣ ба шумор меравад.

Дар сайёраи Замин захираи об хеле бисёр мебошад, ки аксарияти онро баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Лекин онҳо барои истифодаи хоҷагии халқи инсоният ғайри имкон аст. Захираи оби ширин ҳамагӣ 2,5 фоиз аз ҳаҷми умумии гидросфера аст. Норасогии оби ширин ин аз нобаробар тақсимшавии он дар сайёра мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки 30-юми августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид ва дар он намояндагони 53 кишвар, 91 созмони байналмилаливу муассисаҳои марбута ширкат варзиданд. Ин иқдом бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ чунин пешниҳод намуд: «Аз соли 2005 то соли 2015-ум Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд. Дар форум оид ба муаммоҳои оби ширин дар сайёра ва минтақа низ сухан гуфта шуд.

Вобаста ба об дар ҷаҳон муаммоҳо хеле бисёр буда, дар ҳар қисматҳои хушкӣ ҷой дорад. Яке аз фоҷиаи экологӣ, ки дар Осиёи Марказӣ дида мешавад, ин аз байн рафтани Баҳри Арал мебошад. Арал калонтарин кӯл дар Осиёи Марказӣ, чорумин дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Агар ҳолати пеш аз ба фоҷиаи экологӣ гирифтор шудани Аралро ба хотир орем, бояд гуфт, ки кӯл аз сатҳи баҳр 53 м баланд воқеъ буда, масоҳати умумии он 66500 км мураббаъ, ҳаҷми обаш 1022,6 мукааб километр дарозиаш 428 километр ва паҳниаш ё бараш 235 километр мебошад.

Баҳри Арал чандон чуқур набуда, ба ҳисоби миёна 20-25 м ва ҷои аз ҳама чуқуриаш 68 метр ба ҳисоб мерафт. Масоҳати ҳавзаи Арал 690 ҳ. мураббаъ километрро ташкил медод. Таркиби кимиёвии баҳр аз оби уқёнус фарқ дорад. Дар Арал намакҳои хлоридҳо ва фосфатҳою нитратҳо кам буда, намакҳои сулфатӣ нисбатан зиёд аст.

Ҳоло бошад, баҳри Арал тибқи мулоҳизаҳои экспертҳои Созмони Миллали Муттаҳид ба яке аз фоҷиаҳои экологии аз ҳама калон табдил ёфтааст. Яъне аз байн рафтани як баҳри калон.

Тибқи маълумотҳои олимони соҳа ҳаҷми баҳри Арал дар солҳои охир чор маротиба, майдонаш ду баробар кам шуд, сатҳаш бештар аз 15-16 м паст фаромад, соҳили он то 80-100 км қафо рафт, яъне хушкид. Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтанд. Биёбон 2 миллион гектар заминҳои корамро фурӯ бурд, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расид. Миқдори моҳиҳо аз 200 намуд ба 38 намуд боқӣ монд. Мардуми соҳилҳои Арал, хусусан пирон ва бачагон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Фоҷиаи баҳр барои тезонидану обшавии пиряхҳои Осиёи Марказӣ сабаб мешавад.

Сабаби фоҷиаи баҳри Арал ҳам омилҳои антропогенист. Маълум аст, ки Арал аз дарёҳои Сир ва Ому об мегирад. Дар ҳавзаи ин дарёҳо заминҳои обӣ бисёранд, ки барои обёрӣ аз меъёр зиёд истифода мебаранд. Дар 10-15 соли охир оби Сир ва Ому ба Арал қариб намерезад. Муайян шудааст, ки дар 30 соли охир омадани оби дарёи Сир ва Ому 86 фоиз кам шудааст, ки қариб 9 муккааб километро ташкил медиҳад.

Дар ҳалли проблемаи Арал фикру ақидаҳо зиёданд, ки яке аз онҳо аз дарёҳои Сибири Ғарбӣ ба Осиёи миёна овардани як миқдор об мебошад. Мувофиқи ақидаи дигар аз баҳри Каспий ба Арал овардани миқдори муайяни об барои ҳалли проблемаи баҳр имконпазир аст. Гурӯҳи дигарон пешниҳод менамоянд, ки бо роҳи сунъӣ афзун намудани боришоти атмосферӣ дар диёри болооби ҳавзаҳои дарёҳои Ому Сир мебошад.

Бояд гуфт, ки баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи минтақавӣ имрӯзҳо бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар гувоҳи он мебошад, ки дар ин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои муштарак оид ба ҳалли ин мушкилот мусоидат менамояд.

Каримзода Акобир Изатулло,

профессори кафедраи

физиологияи одам ва ҳайвонот

факултети биологияи ДМТ