13 сентябри соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди вазорат бо иштироки вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовинони вазирони меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндаи корҳои хориҷӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати банакшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳал ва дигар вазорату идораҳо, намояндаи “Ширкати консалтингии Тоҷикистону Ҷопон” ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ – диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, ИМА, Британияи Кабир, давлати Қатар ва Подшоҳии Нидерланд ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази матуботи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои протоколи №1 маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузориши намояндагони вазорату идораҳои масъул шунида шудааст.
Қайд гардидааст, ки рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 дар мавзуи имкони иштирок дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҳаллии самоягузорӣ, ҷалби дороии (сармояи) диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим мебошад.
Роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ – диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар муҳокимаи масъалаҳо, аз ҷумла рӯнамоӣ сомонаи интернетӣ бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули хазинаи иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки аз ҷониби ҶДММ “Ширкати консалтингии Тоҷикистону Ҷопон” муаррифӣ гардид, фаъолона иштирок намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, дар фарҷоми ҷаласа як қатор намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ карда шуданд.