Дар ноҳияи Шуғнон бо маблағи 109 млн. сомонӣ сохтмони иншоотҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта амалӣ мегарданд

Тӯли 29-соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба як қатор пешравиҳои иқтисодӣ ноил гардидааст, ки барои пеш бурдани сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани самараи буҷет ва некуаҳволии ҷомеа заминаи хос гузоштанд.

Барои боз ҳам тақвият бахшидан ва беҳтар намудани некуаҳволии омма ва рушди маҳсулоти дохилӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони дохиливу хориҷӣ корхонаҳои муштарак ба фаъолият шурўъ менамоянд, ки дар баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ саҳми арзишманд доранд. Ноҳияи Шуғнон яке аз ноҳияҳои калонтарин дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, имрўз бо мақсади зиёд намудани истеҳсолот дар ноҳия масъулини соҳа талоши зиёд менамоянд, ки махсулотҳои рақобатпазир ва ҷавобгў ба меъёрҳои байналмиллалиро зиёдтар ба роҳ монанд.

Вобаста ба ин журналисти радиои «Овози тоҷик» дар суҳбат бо муовини раиси ноҳияи Шуғнон Шоҳзода Латиф аз ҳачми истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ва фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ чунин огоҳӣ пайдо намуданд.

«Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат «Саноаткунонии босуръати кишвар» тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ  чандин корхонаҳои наву замонавӣ дари худро барои кормандон боз намуданд»-, иброз дошт муовини раиси ноҳия Шоҳзода Латиф.

Тавре дар идома Шоҳзода Латиф иброз доштанд: «Имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки иқтисодиёт дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад ва дар ояндаи наздик фаъолияташ бештар хоҳад шуд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, тайи чанд соли охир ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат сохтмони иншоотҳои гуногуну замонавӣ бо маром идома дорад. Ҳамин аст, ки масъулини ноҳияи Шуғнон вобаста ба таҷлили ин ҷашни фархунда дар солҳои сипаригардида 39- иншоот сохта ва ба истифода доданд. Дар соли ҷорӣ бошад тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 23-иншоот корҳо оғоз гардида, бисёртари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳамчунин, дар соли 2021, 20-иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки алакай дар 2-тои онҳо корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Барои амалӣ намудани сохтмони иншоотҳои ахамияти иҷтимодошта дар асоси нақшаи пешбинигардида дар ноҳия маблағи 109 млн. сомонӣ ҷудо шудааст».

Аз андешаҳои Шоҳзода Латиф бар меояд, имрўз масъулини ноҳия кушиш менамоянд, ки ин ҷашни фархундаро дар радифи дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар сатҳи зарурӣ таҷлил намоянд. Аз ин рў, корҳо дар тамоми соҳаҳо баҳри сазовор таҷлил намудани ин ҷашни фархунда дар ноҳияи Шуғнон бо маром идома дорад.

«Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 35 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият менамояд, ки 12-тои онҳоро корхонаҳои расмӣ ташкил медиҳад. Аз қабили Корхонаи коркарди ғалладонаи ҷамоати дехоти «Суҷон»- и ноҳияи Шуғнон, Нерўгоҳи барқии обии «Помир-1», Фабрикаи «Лаъли Поршинев», корхонаи коркарди чўб, ва ҳамчунин ду коргоҳи истеҳсолии оби нўшокӣ аз ҳисоби чашмаи «Носири Хусрав», фабрикаи «Ҳаёти нав», истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва инчунин истеҳсоли дару тиреза дар ҳудуди ноҳия тибқи талаботи змони муосир таъсис ёфтанд, ки боиси 12 ҷойи кори нав гардид»,- қайд намуданд дар идомаи суҳбат муовини раиси ноҳия.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *