Дар Душанбе Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Форум мазкур дар доираи нишасти панҷуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 14 то 15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.

Дар форум намояндагони зиёда аз ҳафдот донишгоҳ ширкат намуд,ки дар он 35 нафар намояндагон аз Ҷумҳурҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Дар Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф изҳори назар намуданд. Дар форуми мазкур 40 созишнома оид ба ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тасвиб расид.


Сураёи Сироҷиддин