Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа бори аввал нишаст доир карданд.
Нишаст таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардида, дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Карабаев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ва Директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ менамоянд. Дар мулоқот Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳо дар нақлиёти руизаминӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардида, рузҳои 14 – 15 дар доираи мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расонда мешавад.
Мақсади имзои ин созишнома ба даст овардани муносибатҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика буда, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда замина фароҳам меорад. Аз ҷумла: фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти рӯзаминӣ; -таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ; – баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ; – содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти руизаминӣ; – рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётию логистикӣ;- татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии раванди ҳамлу нақл; – ташвиқ ва рушди истифодаи намудҳои нақлиёти аз лиҳози экологи ҷавобгу ва ғайра.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ҳамчунин вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа Эъломияи муштарак қабул карданд. Мувофиқи эъломия тарафҳо минбаъд низ фароҳам овардани шароити заруриро барои рушди хизматрасонии нақлиётию логистикӣ, бунёди анборҳо, иншооти истеҳсолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо идома медиҳанд.
Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои масъалаҳои марбут ба нақлиёту логистика ва ҳамоҳангсозии муҳокимаи минбаъдаи ҳамкориҳо фазои муносиб фароҳам оварда, иқтидори гурӯҳҳои кории дуҷониба оид ба нақлиёт ҳамчун воситаи муҳими рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар минтақаро тақвият хоҳанд дод.
Дар доираи нишаст мулоқоти дуҷонибаву бисёрҷонибаи вазирони нақлиёт баргузор гардида, меҳмонон аз корхонаи мушатраки автобусбарории Акиа Авесто ва сохтмони роҳи автмобилгарди Душанбе – Бохтар дидан мекунанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”