Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ намуданд

13 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан ба масъалаҳои омодагӣ ба баргузории  Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, диққати махсус  дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон