Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла 32-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти ғизоӣ, идомаи музокирот барои ҳалли баҳси марзӣ бо Қирғизистон ва ифтитоҳи дубораи бозорҳои наздимарзӣ бо Афғонистон баъди ду соли таваққуф матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 сентябр мақолае бо номи “Пешвои миллат ва рушди устувории Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ” чоп карда навишт, ки маҳз зуҳури раҳмонии фарзанди фарзонаи миллат, родмарди ҷавону матини арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлатдории мустақил аз вартаи нестшавӣ эмин монд.
Ба навиштаи муаллифи матлаб, дар масири бунёдкоронае, ки халқи азизи Тоҷикистон дар замони кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадбунёди Пешвои муаззами миллат паймуд, мактаби бузурги давлатдории навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт ва ба заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр таҳким бахшида шуда, қудрату нерумандии давлат ташаккул ёфт.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 сентябр хабар дод, ки субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ, дастаи зиддитеррористии КДАМ дар минтақаи Кеврони ноҳияи Давроз се узви гурӯҳи террористиро безарар карданд.
Дар макони задухӯрди мусаллаҳона дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, аз пинҳогоҳ миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ва воситаҳои алоқа ошкор ва мусодира шуд.
Дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда ва ҷасади террористон, муайян гардид, ки онҳо аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлабе дигаре хабар дод, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав гузашти 5 моҳ ба як мақолаи таҳлилии ин нашрия таҳти унвони «Равғани рустанӣ. Чаро камбуди ашёи хом ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст?!» вокуниш кард.
Дар посухи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зикр мешавад, ки дар ҷумҳурӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 25 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол мешавад, ки ба 18,3 дарсади талаботи аҳолии кишвар рост меояд.
Дар идома вазорати мазкур таъкид мекунад, ки барои мисол соли 2022 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли чигити пахта 189,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар сурати коркарди он ба ҳисоби миёна истеҳсоли 22,7 ҳазор тонна равғани рустанӣ имконпазир мебошад.
Дар ҳоле ки барои таъмини пурраи талаботи аҳолии Тоҷикистон бо равғани рустанӣ ҳадди ақал 1 млн. 140 ҳазор тонна чигити пахта зарур мебошад.
Дар фарҷом зикр мешавад, ки бинобар набудани имконияти таъмини пурраи корхонаҳои равғанбарорӣ бо чигити пахтаи ватанӣ, тавассути васеъгардонии майдонҳои кишти дигар зироатҳои равғандиҳанда, ба монанди офтобпараст, лӯбиё, кунҷит ва зағир, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли равғани рустании ватанӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз равғани рустании воридотӣ имконпазир мегардад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 6 сентябр матлабе аз мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо фаъолону масъулони ноҳияи Рашт нашр кард.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ дар ин мулоқот гуфт, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тӯли чор иҷлосияи гузашта 88 ҷаласа баргузор карда, дар онҳо 2 ҳазору 446 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи вай дар ин муддат, аз ҷумла 376 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 178 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 115 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия ва манзур карда шуда, аз он 277 қонун қабул гардидаанд. Инчунин, 163 созишномаю протокол тасдиқ карда шуданд.
Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигари хеш бо номи “Рушди маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон – омили асосии инкишофи ҷомеа” масъалаи худшиносӣ миёни ҷавоноро матраҳ кардааст.
Ба гуфтаи муаллиф, вақти он аст, ки ҳар чӣ бештар дар ниҳоди ҷавонон сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва шуури миллиро ҷо кунем.
Аз сӯи дигар ба таъкиди муаллиф, дар баробари ин, дар ҷавонон нисбат ба сифатҳои манфӣ – бетафовутӣ, хиёнат, маҳалбозӣ, бевиҷдонӣ ҳисси нафрат бедор кардан зарур мебошад. Маҳз маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстӣ, меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад.
Дар раванди инкишофи маърифати сиёсии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 7 сентябр мақолаи таҳлилие бо номи “Низои марзӣ. Масоили баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон ҳал шуд?” чоп карда, менависад, ки бо гузашти як сол аз охирин муноқишаи марзӣ, раванди музоқироти ду ҷониб дар мавриди таъини сарҳади давлатӣ то ҳол идома дорад.
Муаллиф аз қавли Фарзона Ҳодибоева, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки ҳоло суботу амният дар сарҳад таъмин аст, вале пас аз муноқишаҳои ахир рафтуомади сокинон канда шуд.
Ба гуфтаи муаллиф, ҳарчанд бозорҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон расман фаъолият надоштанд, аммо дар онҳо теъдоди зиёди мардум ба қавле нони худро пайдо мекарданд. Барои ҳамзистии осоиштаи мардум ҳам ин бозорҳо мусоидат менамуданд.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Неъматулло Мирсаидов коршиноси масоили марзӣ, тиҷорат омили муҳими пойдории анъанаҳои пешина ва дӯстона байни сокинони маҳалҳои марзӣ ва мардуми ду кишвари ҳамсоя аст. Вай афзуд, ки агар мардум эҳсос намоянд, ки аз ҳамдигар вобастаанд, ба ҳамдигар ниёз доранд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷониба осон аст.
Дар ҳамин ҳол нашрияи “Тоҷикситон” дар матлаби дигари худ хабар додааст, ки баъди таваққуфи дусола бозорҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон дубора кушода шуданд. Мақомоти ВМКБ хабар дод, ки рӯзи 2 сентябр бозорҳои наздисарҳадии Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Ванҷ ва Давроз ба фаъолият оғоз карданд.
Ба гуфтаи Алишер Мирзонабот раиси ВМКБ, бозорҳои наздимарзӣ бо дастури Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав фаъол карда шудаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 7 сентябр аз оғози мавсими ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон хабар дода, ҳамзамон мегӯяд, ки деҳқонон аз нархи пасти харидории ҳосили парвариш кардаашон нигаронанд.
Ба навиштаи муаллиф, дар ҳоле ки нархҳои ҷаҳонии пахта тақрибан 1.8 доллар барои як килограмм аст, аммо ширкатҳои тиҷоратӣ ҳосили пахтаро аз деҳқонони кишвар ҳамагӣ бо нархи 6-7 сомонӣ мехаранд.
Муаллиф меафзояд, дар ин раванд печидагӣ дар он аст, ки пахтаро аз деҳқонон ширкатҳои тиҷоратӣ бо нархи арзон харида, сипас бо иловаи нарх ба корхонаҳои коркарди пахта мефурӯшанд. Зеро худи корхонаҳои пахтатозакунӣ имокнияти молии харидани ҳосили пахтаро надоранд. Гуфта мешавад, ки тибқи дурнамо имсол кишоварзони Тоҷикситон бояд 426 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ кунанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”