Бозии рӯз: Имрӯз тими миллии Тоҷикистон бо Сингапур бозии дӯстона анҷом медиҳад

Имрӯз, 8-уми сентябр Дар Варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Вохӯрӣ тимҳо соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 Душанбе) доир мегардад.

Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ Сингапур ва Тоҷикистон се бозӣ анҷом додаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) ғолиб омадааст. Мунтахаби Сингапур як маротиба (2:0) – дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 пирӯз шуда, як бозии дигари дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.