Рӯзи 1-уми сентябри соли 2023 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи “Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогириимиёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин бора хабар медиҳад саҳифаи расмии фейсбукии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ (https://www.facebook.com/tjmissionun).
Ба таъкди манбаъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси СММ оид ба Арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал, “Об барои рушди устувор”, 2018 – 2028 – ро пазируфт.
Бояд инчунин хотирнишон сохт, ки бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зимни Конфронси оби СММ (рӯзҳои 22-24 уми марти 2023 дар Ню-Йорк баргузор гардид), садо дода буд.
Қатъномаи мазкур дар асоси ташаббусу пешниҳодҳои кишварҳои узви СММ, ки дар Конфронси оби СММ эълон гардида буданд, омода карда шуда, ишора ба суръати пасти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 менамояд ва таъсири манфии ин равандро барои инсоният дар роҳи расидан ба рушди устувор, таъкид месозад.
Қатънома инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳама сатҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафу мақсадҳои марбут ба обу санитарияи Рӯзномаи 2030, хусусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур мешуморад.
Дар бахши амалиётии қатънома дар баробари қарори баргузории Конфронси оби СММ соли 2028 дар Тоҷикистон инчунин дар соли 2026 барпо намудани Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об ҷиҳати суръатбахшии татбиқи ҲРУ 6 таъйид гардидааст.
Инчунин, МУСММ аз Дабири кулли СММ даъват ба амал овардааст, то охири иҷлоси 78- уми МУСММ дар машварат бо кишварҳои узви СММ стратегияи фарогирро оид ба обу санитария омода ва ба кишварҳои аъзо пешниҳод намояд.
Қабул гардидани санади мазкур бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад.
Воқеан ҳам, баргузории Конфронси СММ оид ба об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2028), ки бори аввал дар кишварамон баргузор мегадад, барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҷумҳурӣ рӯйдоди таърихӣ ва беназир хоҳад шуд.
Нуралӣ Давлат
радиои “Тоҷикистон”