30 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш ҷаласа баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти ин Вазорат, дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ ва дигар намояндагони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазоратро ба муносибати Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти онҳо бурдборӣ таманно намуд. Вазири маориф ва илм зикр кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар мақоми аввал гузошта шудааст. Ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф зиёд мешавад, ки ин барои рушди соҳа таъсири мусбат мегузорад. Дар ин радиф, кормандони бахши дастгоҳи марказии вазоратро мебояд, ки ҷиҳати пешрафти соҳа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.
Ҳамчунин, Раҳим Саидзода оид ба омодагӣ ба соли нави хониш, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози андеша намуд.
Дар идома муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ҳозиринро бо фарорасии соли нави хониш табрик гуфта, ҷиҳати пешбурди соҳа бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ибрози назар намуданд.
Дар охир, Раҳим Саидзода диққати ҳозиринро ба корҳои ободонӣ ва таъмири бинои вазорат, маҷлисгоҳ ва дигар раёсату шуъбаҳои дастгоҳи маказӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки ин ҳама аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавваҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин росто кору фаъолият дар чунин шароити фароҳамшуда, завқи зебоипарастӣ, фаъолияти поквиҷдонона ва ғамхорӣ нисбати соҳа, барои беҳтар намудани соҳаи маориф заминаи хубро муҳайё менамояд.