Муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҶМ Чин, боло рафтани арзиши хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи нерӯҳои захиравӣ, нархи болои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар сарфи назар аз фарвонии ҳосил, аз мавзӯҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 август мақолаи профессор Саймумин Ятимовро бо номи “Эҳёи миллат – бақои давлат” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола менависад, ки дар ҳама давру замон масъулияти таъмини амният ва суботи ҷомеа бар дӯши давлат аст ва дар маҷмуи ягонаи созмонҳои байналхалқии минтақавӣ созмони дигаре вуҷуд надорад, ки тавонад оромӣ ва осудагии як давлати дигарро кафолат диҳад.
Ба гуфтаи муаллиф, маҳз ба ҳамин хотир, барои таъмини эътимодбахши суботи ҷомеа механизмҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, идеологии дохилидавлатие бояд амал кунанд, ки замонати худро дар лаҳзаҳои фавқулоддаи дохилӣ ва берунӣ барои таъмини амнияти давлат устуворона нишон диҳанд.
Дар идома муаллиф меафзояд, ки агар ҳамасрони ҳушманди мо аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ бароянд, ояндагон баъди ҳафтсад сол ҳам ному фидокории равандагони роҳи Эҳёи миллатро дар ин шароити наздик ба хурофоти асримиёнагӣ фаромӯш нахоҳанд кард, зеро даврони Эҳёи миллати тоҷик ниёз ба кӯшишҳои бесобиқа, ғайримуқаррарӣ, ҳадафманд ва муҳимтар аз ҳама, содиқона дорад.
Ба хулосаи муаллиф, бо дарназардошти вазъи геополитикии олам, минтақа ва равандҳои дохилӣ дар ин амали ҳаётан муҳим набояд лаҳзае таваққуф кард.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумора рӯзи 23 август дар робита ба сафари расмии Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ навишт, ки дар доираи ин сафар дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор меравад, нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳ шуд.
Зимни суханронии худ Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тавсеаи муколама байни тамаддунҳо даъват менамояд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумора рӯзи 22 август хабар дод, ки дар пайи Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест-2022” зиёда аз 28 шартнома ва тафоҳумнома дар соҳаҳои гуногун байни сохторҳои давлатӣ, созмону ширкатҳо ва шарикони рушд ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ баста шуд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бесобиқа мебошад.
Гуфта шуд, ки аз созишномаҳои дар форуми соли 2022 баимзорасида 12-то ба маблағи 210 миллион сомонӣ анҷом пазируфта, дар 14 лоиҳа ба маблағи 739,4 миллион сомонӣ корҳо дар ҷараён буда, соли равон оғози роҳандозии 2 созишнома ба маблағи 8,6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 24 август дар мусоҳиба бо Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон масоили тарки пеша кардани табибон то ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ва эътимоди мардум ба тибби кишварро матраҳ кардааст.
Дар робита ба муҳоҷирати табибон аз кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки дар асл ба дигар кишвар рафтани мутахассисони соҳаи тиб аз Тоҷикистон ба талоши онҳо барои такмили ихтисос ва касби бештари таҷрибаи корӣ бастагӣ дорад. Аз сӯи дигар ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи аввали соли равон 72 табиб ва 51 ҳамшираи тиб аз муҳоҷират баргашта, дар кишвар фаъолиятро дубора идома додаанд.
Ҳамзамон Вазири тандурустии Тоҷикистон дар посух ба саволи вобаста ба ҳолатҳои тамаъҷӯӣ аз сӯи табибон дар кишвар гуфт, ки давоми чанд соли охир сатҳи ҷинояткорӣ, анҷом додани амалҳои ношоиста аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ коҳиш ёфтааст.
Мавсуф дар ин замина таъкид кард, ки агар дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба кормандони соҳаи тандурустии кишвар 159 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда бошад, ин рақам дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 117 ададро ташкил медиҳад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигаре аз роҳандозии шакли нави таълим дар донишгоҳҳои кишвар хабар дод. Ба навиштаи муаллиф, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли таҳсили 2023-2024 шакли нави таълим – таҳсилоти “дуалӣ”-ро ҷорӣ кунад. Таҳсилоти дуалӣ низоми таълимие аст, ки дар он донишҷӯён қисми назариявии таълимро дар муассисаи таълимӣ ва қисми амалиро дар истеҳсолот — корхонаю муассисаҳо мегузаронанд.
Ба гуфтаи Наврӯз Мирзозода сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илм, афзалияти таълими дуалӣ дар он аст, ки донишҷӯ дар давоми таҳсил, ба раванди кор аз наздик ошноӣ пайдо намуда, касби ояндаашро ҳамаҷониба аз худ мекунад.
Ба гуфтаи номбурда, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нақша дорад таълимоти дуалиро аз соли нави таҳсили 2023-2024 дар 4 муассисаи таҳсилоти олӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ намояд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 агуст бо нашри мақолае хабар дод, ки баъди интиқодот масъулин ба танзими ҳаракати нақлиёт дар назди фурӯшгоҳи “Садбарг” ба таври ҷиддӣ машғул шуданд. Ба навиштаи муаллиф, муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар посухи хеш гуфтааст, аксари мошинҳое, ки боиси тамбашавии роҳ дар назди фурӯшгоҳи “Садбарг” мешавад, ба харидорон ва кормандони ин маркази тиҷоратӣ таълуқ дорад.
Дар аксҳои мунташиршуда дар ҳафтаномаи мазкур дида мешавад, ки кормандони БДА талош доранд ин роҳи мошингардро аз нақлиёти нодуруст таваққуфнамуда холӣ кунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 24 август аз боло бурдани қимтаи бархе анвои мева ва сабзавот дар мавсими ҳосилбардорӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навишати муаллиф, барои мисол як кг ангур дар бозороҳо аз 20 то 50 сомонӣ арзиш дорад, ки барои ин мавсим бесобиқа аст. Кишоварзони ноҳияҳои ангурпарварии Шаҳринав, Ҳисор ва Турсунзода сабаби ин ҳолатро ба сармо задани ҳосили ангур дар баҳори соли ҷорӣ рабт додаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Агентии омор имсол дар кишвар ҳосили меваҷот нисбати соли гузашта 1,5 баробар зиёд шуда, беш аз 300 ҳазор тоннаро такиш додааст.
Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф, аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар нархи сабзӣ ва карам ду баробар боло рафта, қимати картошка 40 дарсад ва биринҷ 47 дарсад зиёд шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”