Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони “Истиқлол – омили рушди фарҳанги миллӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 32 – юми солгарди истиқлоли давлатӣ ва 75 солагии ДМТ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Истиқлол – омили рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин канференсия усодони факултаи филология ва номзадону докторони илмҳои филиология ва дигар донишмандон иштирок намуданд.

Дар оғози конфронсия Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки таваҷҷуҳ ба донишҳои филологӣ миёти мардуми тоҷик таърихи дерина дошта, то имрӯз идома дорад. Ҳамин аст, ки аз рӯзи таъсиси ДМТ то имрӯз факултаи филиология марҳилаи шуҳратёр ва босамареро аз сар гузаронида, борои пешрафти маориф ва илму фарҳанг дар Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштааст.

Дар идомаи конференсия мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Масрур Абдуллозода баромад карда, изҳор намуд, ки илми филалогия бунёдӣ аст ва факултаи филалогияи ДМТ яке аз факултаҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир дар баробари иниститути забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ факултети филалогияи ДМТ барҳи рушди ин соҳа нақши асосиро гузоштааст.

Ҳамчунин дар конференсия академик Маҳмадюсуф Имомзода суханронӣ карда, қайд намуд, ки таърихи таъсиси факултаи филиологияи тоҷик бо таъсиси ДМТ алоқаманд аст ва имсол аз ин сана 75 сол сипарӣ мегардад. Як рисолати муҳими факултаи филалогияи тоҷик ин мафкурасозӣ, ҳиси Ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ буд. Ҳамин аст, ки мутахасисони дар пояи ин факултет ба камолрасида барои ҳалқу давлати хеш ҳизматҳои шоён кардаанд, – гуфт академик Маҳмадюсуф Имомзода.
Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба 75 солагии факултаи филалогия ва ДМТ китобе бо номи “Дастовардҳои факултаи филалогияи тоҷик” ба нашр расонида шудааст, ки имрӯз китоби мазкур дар доираи конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Истиқлол – омили рушди фарҳанги миллӣ” аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳама иштирокчиён конференсия тақдим карда шуд.

Сарвинози Сайдалӣ, радиои “Тоҷикистон”