Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид

21-24 август дар Алмато ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи СҲШ иттилоъ медиҳад.

Ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон доираи васеи масъалаҳои татбиқ ва омодасозии қарорҳои нави шурои сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа лоиҳаҳои Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2035, ташаббусҳои Созмон «Дар бораи ваҳдати ҷаҳонӣ барои ҷаҳони одилона ва ризоият» ва Консепсияи беҳтар намудани фаъолияти он рӯнамоӣ шуданд.

Ҷонибҳо инчунин мавзуи ислоҳот ва масъалаҳои густариш,  тавсеаи  ҳамкорӣ бо давлатҳои нозир, шарикони муколамаи Созмони мазкур  ва созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Ғайр аз ин, Нақшаи чорабиниҳои СҲШ барои соли 2024 баррасӣ гардида, диққати асосӣ ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмон равона шуд.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай