Миёни 36-кишвари ҷаҳон ҳайати Тоҷикистон ҳам шомили ин Фестивали варзишӣ гардид. Паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Абубакр Шеров тавонист дар ин мусобиқа дар вазни -73кг ҳунарнамоӣ карда, медали тиллоро ба гардан овехт.
Абубакр Шеров бо шикаст додани рақибони сарсахт то қисмати финалӣ роҳ ёфт ва дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари Белорусия Руслан Ҳалавачовро ноком карда, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин медали Абубакр дар соли 2023 набуда, паҳлавони умедбахши кишвар моҳе қабл медали тиллоӣ Ҷоми кушоди Осиёро миёни ҷавонон низ ба даст оварда буд.
Сорбон Амонуллозода