4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ менамоем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамару поквиҷдонона ва хизмати фидокоронаву содиқонаи ҷавонмардони бонангу номуси миллат, яъне кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро дар ин раванд бисёр назаррас ва арзишманд арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ба халқу Ватан, яъне ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартибот, ҳаёти осоиштаи мардум ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд, зеро нақши родмардони Ватан дар таҳкими суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдории навини тоҷикон бисёр муҳим мебошад.
Аз 1 сентябри соли 2020 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ музди меҳнати онҳо низ зиёд карда мешавад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ вазифа ва рисолати муқаддаси худ — ҳимояи Ватан, давлат ва мардуми шарифи кишварро сарбаландона ва содиқона адо менамоянд.
Дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал-полковники адлия, генерал-лейтенанти гвардия, генерал — майор, генерал-майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, генерал-майори милитсия, генерал — майори хадамоти гумрук ва ордену медалҳои Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, Спитамен дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Ҳамин тавр бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 нафар, аз ҷумла ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия,4 нафар генерал — майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал — майори хадамоти гумрук супорида шуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медал ва ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.
Аз ҷумла, 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи II, 18 нафар бо медали Ҷасорат, 25 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ бори дигар хизмати намунавӣ ва саҳми арзандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозонро дар роҳи таъмини амнияту суботи давлату миллат, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ махсус таъкид намуданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мукофотҳои олии Ватан, ки имрӯз супорида шуд, масъулияти хизматчиёни ҳарбиро бамаротиб зиёд мегардонанд.
Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар хотир дошта бошанд, ки давлат ва халқи Тоҷикистон ҳифзи муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ — истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, яъне суботу оромии ҷомеаро ба онҳо бовар карданд.
Сарвари давлат бори дигар ба ҳамаи онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо сарфароз гардиданд, дар иҷрои рисолати пурмасъулияту пуршарафашон барору комёбӣ орзу карданд.