Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 171 ҳуҷҷати иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ дода шуд. Аз ҷумла, 1 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона, 3 иҷозатномаи фаъолияти бозии лото, 12 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ, 72 иҷозатнома барои хариду фурӯши маснуоти заргарӣ, 30 шаҳодатнома барои гузаронидани лотереяҳо ва 53 шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Инчунин дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» ба 140 нафар муроҷиаткунанда ҳуҷҷати иҷозат барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дода шудааст.