Баргузории даври шаҳрии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Душанбе

Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо баргузор мегардад. Барои иштирок дар даври шаҳрии Озмуни мазкур аз 4 ноҳияи пойтахт, зиёда аз 400 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинони касбу кор ва синну солашон гуногун пешниҳод шудаанд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мегардад. Имрӯз ҳам довталабони озмун бо таёрии хуб вориди толорҳои имтиҳонӣ шуданд. Нозанин Салимзода хонандаи синфи 10 – уми литсей – интернатӣ президентӣ буда, соли якум аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классик” иштирок мекунад. Номбурда зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки нисбат ба осори адибони классик таваҷҷуҳи хоса дорад ва мехоҳад, ки осори онҳоро пурра аз худ намояд.

Бояд гуфт, ки имсол Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо карда шудааст, ки ин довталабони озмунро ҳавасманд гардонид. Зайнабхон Ҳамидиён хонандаи синфи 9 – уми МТМУ рақами 6 – и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ва иштирокчии даври шаҳрии ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Зайнабхон зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки аз баромади имрӯзаи худ қонеъ гаштааст ва умедвор аст, ки ин даврро ҳам гузашта ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад.

Иштирокчии дигари даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсия “Адабиёти бачагона” Паймона Назарова хонандаи синфи 7 – и МТМУ рақами 55 ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе мебошад. Паймона дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар давоми ду сол аст, ки дар ин озмун иштирок мекунад ва дар ин муддат асарҳои зиёдеро мутолиа кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”