Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар замони истиқлолият

 

      Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ рушд карда, яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар эътироф гардид. Бо талошу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ин соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, самти асосии он таҳким бахшидан ба тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Бо фароҳам овардани шароит ва рушд кардани он дар даврони сохибистиқлолӣ варзишгарони кишвар тавонистанд номи Тоҷикстонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Танҳо дар 6 моҳи соли равон варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 92 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 27 адади  онро медалҳои тилло ташкил медиҳанд. Дар ин давра ду нафар варзишгарони тоҷик тавонистанд роҳхати бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд,- мегӯяд Носир Бозоров сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳриёр Даминов варзишгари риштаи қаиқронӣ бар он назар аст, ки барои беҳдошти саломативу нерӯи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш бояд ба намудҳои гуногуни варзиш амсоли давидану ҷаҳидан, қаиқронӣ, аспдавонию гуштингирӣ машғул шуд. Ҳамчунин мавсуф мегӯяд, ки имрӯз барои машғул шудани ҷавонон ба варзиш ва рушди малакаву истеъдоди онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Танҳо дар ин самт онҳоро месазад, ки  пайваста ба тамрин машғул бошанд.

Сорбон Амонуллозода истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки   дастовардҳои  варзишгарони тоҷик дар замони истиқлолият боис мегардад, ки ҷавонони кишвар ба самти варзиш рӯ оваранд. Зеро барои ин  ба мо ҷавонон ҳукумати кишвар тамоми шароитро фароҳам овардааст,- илова намуд  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Сорбон Амонуллозода.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои бузурги мо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ин бунёди иншооти гуногуни  варзишӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат мебошад. Бунёди чунин иншоот метавонад барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш, ва аз ҳама муҳим дар ҷалби васеи ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш мусоидат  намояд.

Ширин Тоҳирӣ

 радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *