Дар шаш моҳи соли таҳсили 2023 теъдоди умумии омӯзгорон 307 нафар, аз ин миқдор 149 нафар омӯзгорони унвондор мебошанд, ки нисбати 6 моҳаи соли 2022 9 воҳиди корӣ аз ҳисоби омӯзгорони унвондор зиёд мебошад гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил.
Ҳамзамон номбурда илова кард, ки ба ҳолати моҳи июни соли таҳсили 2023 шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантони Академия 4864 нафарро ташкил медихад. Аз ин теьдод 979 нафар тариқи ройгон ва 3885 тариқи пулакӣ таҳсил менамоянд.
Инчунин дар нишасти ин ниҳод зикр намуданд, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1257 нафар хатм намуданд. Аз теьдоди зикр гардида, 65 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки 5,2% и шумораи умумиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар Академияи 11 нафар донишҷӯёни ятими кул, 48 нафар ятим, 14 нафар маъюб ва 5 нафар камбизоат ташкил медиҳанд, ки ба 25 нафари имконияташон маҳдуд стипендия муқаррар ва ҳармоҳа ба миқдори 300 сомонӣ барои хӯрокпулӣ ҷудо карда шуда, ройгон ба хобгоҳ таъмин карда шудаанд.