Имсол ҳам Тоҷикистон ба паноҳандагони Афғонистон квота ҷудо намуд

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо истинод ба иттилои Вазорати маориф ва илм хабар додааст, ки имсол Ҳукумати кишвар барои шаҳрвандони Афғонистон 40 квота ҷудо намудааст, то онҳо ройгон ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Ба иттилои манбаъ, квотаҳо ба  афғонистониҳои муқими кишвар, ки таҳсилро хатм кардаанд ва аттестати муътамади мактаби миёна доранд, ҷудо мегардад. Ин амали башардӯстонаи Тоҷикистон бо пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, солҳо боз идома дорад.

Ҳафтаи гузашта Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мизбони маҳфиле гашт, ки дар он 41 донишҷӯи Афғонистон, аз ҷумла 14 духтари аз мактаби «Сомониён» фориғшуда, иштирок намуданд. Духтарон хоҳони идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро доштанд, зеро тибқи фармони давлатдорони ҳозираи «Толибон», дар Афғонистон тамоми духтарону занон аз ҳуқуқи таҳсил дар мактабҳои олию миёна ва кору фаъолият маҳруманд. 

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири мактаби афғонистониҳо – «Сомониён» Ноҷия Зоҳир, ки дар Душанбе фаъолият дорад, гуфта буд: «Ин гурӯҳи террористӣ, ки тиҳӣ аз шараф, таълиму тарбияанд, бо бастани дарвозаҳои дабистонҳо ба рӯйи донишомӯзони духтар як бори дигар собит карданд, ки на танҳо хусумати амиқ ба илму тамаддун доранд, балки аз бедорӣ ва огоҳии ниме аз пайкари ҷомеа – занон ба шиддат ҳарос доранд».

Дар асоси чунин мавқеъгирии носолим, занону духтарон дар Афғонистон борҳо бо овезаву шиорҳои «Мо ба мактаб меравем!», «Мо ҳаққи таҳсил дорем!», «Таълиму тарбия ҳаққи мост!» ба намоишҳои эътирозӣ баромада буданд. Дар маркази шаҳру навоҳии Афғонистон эътирозҳо пеш аз оғоз ба таври фоҷиавӣ саркӯб гардида, дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон намоиш дода нашуда бошанд ҳам, дар берун аз кишвар ин ҳодиса ба вокунишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Миллионҳо муҳоҷирони дур аз ватан ба унвони созмонҳои ҷаҳонӣ, ки асли корашон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон аст, муроҷиат карда, ҳалли қазияро хостанд.