ХОКБОРИШ: ОМИЛҲО ВА ВИЖАГИҲОИ ПАЙДОИШ, ПАҲНШАВӢ ВА ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ ДАР МИНТАҚА

Ин рӯхдодҳои табиӣ дар даҳсолаи ахир аҳолии минтақаро нигарон карда, водор намудааст, ки ҷиҳати таҳқиқи он камари ҳиммат бибанданд. Уламо дар ин бобат афкори гуногунро пешниҳод кардаанд. Аммо то кунун андешаи амиқ ҷиҳати бартарафсозии он тавсия нашудааст.

Маълумоти таҳлилӣ оид ба хокбориши санаҳои 14-16 июли соли 2023

Тибқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути таҷҳизоти муосири таҳлили атмосферӣ, аз ҷумла «Lidar-PollyNet» ва спектрометри рентгенофлуорестсентӣ Спектроскан-Макс-G ба даст оварда шудааст, шурўъ аз 14 июли соли 2023 соати 11:07 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон «хокбориш» ворид гардид. Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рузи 15–уми июли соли 2023 оғози сели ҳаво дар баландии 2500 м аз кишвари Россия (вилояти Кострома) ба мушоҳида мерасад (ниг ба расмҳо) ба Осиёи Марказӣ ворид шуда, чангу ғубори онҷоро то ба Тоҷикистон овардааст.

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 3.5 километр ба қайд гирифта шуд. Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар рўзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои кишвар қариб 1.4-2.7 маротиба зиёд шудааст:

Консентратсияи миёнаи рӯзонаи зарачаҳо дар атмосфера

14.07.2023- РМ2.5 – 1.5 ; РМ10- 1.41 маротиба зиёд

15.07.2023- РМ2.5 – 2.7 ; РМ10- 2.63 маротиба зиёд

16.07.2023- РМ2.5 – 2.1 ; РМ10- 1.96 маротиба зиёд

Давомоти хокбориш ҳамагӣ 2-3 рӯз пешбинӣ шуда буд. Дар чунин рўзҳо ба нафароне, ки ба бемориҳои қалб, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар хона қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

Бознашр аз www.anrt.tj