Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи ҷамъомади таълимӣ, ки дар кишвари Узбекистон ҷараён дорад, бо тими «Насаф» вохурии санҷишӣ анҷом дод.
Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қаршӣ баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 бар нафъи мизбонон хотима ёфт. Қисми аввали рақобат бо натиҷаи 0:0 ба поён расид. Дар қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 52-юми рақобат ҳисоби бозиро Ҷабба Ҷигаури кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Пас аз гузаштани 10-дақиқа дар дақиқаи 62-юм Ҷабба Ҷигаури голи дуюмро ба самар расонида, дубл кард. Ҳамин тариқ бозӣ бо натиҷаи 2:0 бар суди дастаи «Насаф» ба поён расид.
Бошгоҳи «Истиқлол» бозии дуюми санҷиширо рӯзи 23-июл дар шаҳри Тошканд бо тими «Пахтакор» доир менамояд.