Дар нимсолаи гузашта 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардидаи қонунвайронкуниҳо 7000 дастур дода шудааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иттилоъ дода шуда, таъкид гардидааст, ки Дар баробари ин нисбати 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3678027 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 2825067 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки дар ин давра Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон гузаронида шуд дар маҷмӯъ 257 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар ин ноҳияҳо ошкор ва ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш пешниҳоди манзур гардида, 1 қарори раиси ноҳияи Панҷ бекор карда шуд.
Умуман давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани қарорҳои қабулгардидаи раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи 73 миллиону 164,4 ҳазор сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намуданд, ки аз он ҳамагӣ 21,1 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт ва маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 1852 сомониро ташкил намудааст.