Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук сазовори медали тилло гардид

Варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Илдар Аҳмадиев дар 32-юмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Гусман Косанов, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, медали тиллоро ба даст овард. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа беш аз 200-варзишгар аз 12-кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Тайланд, Гурҷистон ва Ҳиндустон ширкат намуданд.

Аз ҳайати дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.39 метр ҷои аввалро ба даст овард.

Ба ғолибони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда шуд. Фонди умумии ҷоизаҳо 25000 доллари ИМА-ро ташкил медод.

Бояд қайд намоем, ки дар ин мусобиқа ду варзишгар – Илдар Аҳмадиев ва Фавориз Музрапов таҳти роҳбарии мураббӣ Ғайрат Нигматов сафарбар гардида буданд. Барои иштирок дар Чемпионати Осиё, ки аз 3-юм то 11-уми июл дар Тайланд баргузор мешавад, ба ин ду варзишгар дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои дастаҷаъмӣ ташкил карда мешавад.