Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад. Саидҷамол Саидзода, ноиби Президенти Академияи Илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки пахта аҳамияти стратегӣ дошта, ҳангоми коркарди саноатӣ намудани ин зироати техникӣ ҳар як пахтакор метавонад 7 ҷойи корӣ муҳайё менамояд.
Бо дарназардошти ҳамин маънӣ Ҳукумати кишвар солҳои охир майдони кишти пахтаро васеъ намуданд. Коршиносон ба ин назаранд, ки дар ҷомиаи муосир беш аз 100 кишвар ба кишт ва содироти пахта сарукор доранд. Ба ибораи дигар соҳаи пахтакорӣ саноатро рушд мебахшад.
Инак, маъракаи пахтачинӣ дар навоҳии Кўшониён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Дўстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ ва Фархори вилояти калонтарини пахтакори ҷумҳурӣ – Хатлон оѓоз гардид. Аз мушоҳидаи солҳои охир бармеояд, ки фаъолияти хоҷагиҳои пахтакори кишвар нисбат ба ду соли қаблӣ чашмрас аст. Аммо мушкилоти камҳосилӣ ҳамоно дар соҳа боқӣ мемонад.
Бино ба назари коршинос Саидҷамол Саидзода, ноиби Президенти Академияи Илмҳои кишоварзии Тоҷикистон яке аз сабабҳои паст шудани ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ин таѓйирёбии иқлим, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ, махсусан нуриҳои фосфорӣ ва калий ва риоя нагардидани агротехникаи парвариши пахта мебошад.
Ба боварии соҳибназарони соҳа барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта бояд аз тухмиҳои ватанӣ истифода бурд. Саидҷамол Саидзода, ноиби Президенти Академияи Илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, ки таҷрибаҳо собит намуданд, ки кишти тухмиҳои ватанӣ ба деҳкон имкон медиҳад, ки ҳосили баланд ба даст орад.
Бале, мушкилии имрўзаи соҳаи пахтакорӣ роҳи ҳалли худро дорад, танҳо кишоварзро мебояд, ки агротехникаи парваришу интихоби тухмиро дуруст роҳандозӣ намояд. Гузашта аз ин ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне фаъолияти ин соҳаи муфид чашмрас мегардад, ки ба коркарди маҳсулоташ диққати бештар дода шавад. Ҳоло ҳисаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус, дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд.
Умед дорем, ки ояндаи наздик ин мушкилот ҳалли худро меёбад ва истеҳсолу коркарди пахта дар дохили кишвар зиёд гардида, сокинони мамлакат бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ таъмин мешаванд.
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»