Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ афзоиш ёфтааст 

Соҳаи растанипарварӣ яке аз соҳаҳои сермаҳсул  ба ҳисоб рафта,  дар 7 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсол аз 0,2 то 19,7 фоиз фоиз зиёд гардид. Дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар ба дигар давлатҳо ба маблағи 13 761 520 доллари ИМА маҳсулоти растанипарварӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаҷм 27896 тонна ё 36,8 фоиз ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 4 327 945 доллари ИМА ё 45,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.   

Ба иттиллои манбаъ, дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 13,6 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,9 фоизро ташкил дод. Ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ 107,7 фоиз ва ба соҳаи чорводорӣ 108,3 фоиз рост меояд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ майдони зиёда аз 186155 га замин пурра сабзидааст, аз ин шумора  майдони 4397 га дар ҳолати 3-4 куракӣ, майдони 51044 га дар ҳолати 5-6 куракӣ, ва майдони 130714 га дар ҳолати 7-8 куракӣ қарор доранд.
Ҳамчунин бо риояи корҳои агротехникӣ кишоварзон дар майдони 925357 га корҳои байни қатораҳо ва дар майдони 535655 га озуқадиҳӣ гузаронидаанд.

Манбаъ: www.vot.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *