Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе, Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

2. Оқилзода Бахтиёр Даврон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд, Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 июни соли 2023
№597