30 июни соли 2023 вохӯрии Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо муовини Ҳокими шаҳри Остона Ерлан Бекмурзаев баргузор гардидааст.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Остона хабар медиҳад, дар вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Қазоқистон низ ширкат варзидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти сӯҳбат густариши масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва доир намудани намоиши молу маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Остона баррасӣ карда шуданд.