Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» ширкат меварзад

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин мусобиқа «CAFA Futsal Cup-2023» байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад.

Бозиҳо аз 23-ум то 30-юми июл дар Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ сурат мегиранд. Мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои унвони пурқувваттарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» 15-бозӣ доир мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила мегузарад ва ҳамаи дастаҳо бо ҳамдигар як бозигӣ мегузаронанд. Тими ғолиб аз рӯи шумораи имтиёзҳо муайян карда мешавад.

Барои тими миллии Тоҷикистон иштирок намудан дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» марҳилаи омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Душанбе баргузор мегардад, ба ҳисоб меравад. Рақибони дастаи футзали кишвар дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон ба ҳисоб мераванд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 1-ум

Рӯзи 23-июл (якшанбе)

Ӯзбекистон – Тоҷикистон
Қирғизистон – Афғонистон
Эрон – Туркманистон

Даври 2-юм

Рӯзи 24-июл (душанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон
Эрон – Қирғизистон
Ӯзбекистон – Афғонистон

Даври 3-юм

Рӯзи 26-июл (чоршанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон
Туркманистон – Ӯзбекистон
Афғонистон – Эрон

Даври 4-ум

Рӯзи 28-июл (ҷумъа)

Афғонистон – Тоҷикистон
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – Ӯзбекистон

Даври 5-ум

Рӯзи 30-июл (якшанбе)

Тоҷикистон – Эрон
Туркманистон – Афғонистон
Ӯзбекистон – Қирғизистон