29-уми июни соли 2023, соати 04:50-дақиқа дар Ҷамъияти матлуботи бозори “Қубд”, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён сӯхтор ба амал омадааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, илова мекунад, ки ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар масоҳати 655 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст.
Ба иттилои манбаъ, бо сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар соати 07:05-дақиқаи бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, сабаб ва зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.