Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи Нишони давлатӣ” барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллат – бақои давлат” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату кумитаҳо инчунин сокинони шаҳри Душанбе, иштирок намуданд.
Дар оғози барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ карда, зикр намуд, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ неъмати бузург буда, дар марҳилаи пуртаззодӣ таърихӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи мардуми Тоҷикистонро равшан сохта, барои амалӣ шудани ормонҳои халқамон заминаи воқеи гузошт.
Дар идомаи барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ консерти идона бо иштироки сарояндагон ва гурӯҳҳо оркесторону ансамблҳои рақсӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Тавре муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мавлуда Шарифова зимни суҳбат бо мо гуфт, Ваҳдат ин беҳтарин неъмат, наҷоти миллат ва мояи рушди давлати тоҷикон мебошад ва моро зарур аст, ки баҳри поянда нигоҳ доҳтани ин Ваҳдат талош намуда, қарзи шаҳрвандии худро адо намоем.
Қайд кардан зарур аст, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ Тоҷикистон рушд намуда, миллати тоҷик ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ дастёб гардид ва тамоми соҳаҳо ташаккул ёфт. Ин аст, ки ҳамасола дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор карда мешавад, ки ин ҳама аз оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон дарак медиҳад.
Сарвинози Сайдалӣ, радиои Тоҷикистон