Имрӯз, 27 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобқаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони мақомоти давлатӣ, меҳмонон, варзишгарон ва мухлисони сершумор иштирок намуданд.
Дар Чемпионати мазкур беш аз 100 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон иштирок намуда, фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибон ва ҷоизадорони нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» бегоҳии ҳамин рӯз муаяйн мегарданд.
Дар маросими кушодашавии нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дастуру супориш дода буданд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои андешидашуда аст, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ
Вазни -52 кг
1.Гантсетсег Ганболд (Муғулистон)
2.Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
3.Ҳилола Артикбоева (Ӯзбекистон)
3.Да Зу Ҳа (Ветнам)
Вазни -65 кг
1. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
2.Артём Штурбабин (Ӯзбекистон)
3.Сардор Хуррамов (Ӯзбекистон)
3. Ҳасан Горуни (Эрон)
Вазни -71 кг
1. Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон)
2.Чори Зоиров (Ӯзбекистон)
3.Илёс Сабзалӣ (Эрон)
3. Дурдюмурат Бешимов (Туркманистон)
Вазни -78 кг
1.Муҳаммади Бариманлоу (Эрон)
2.Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)
3.Туйчи Шарипов (Тоҷикистон)
3. Арслонбек Тоҷиев (Ӯзбекистон)
Вазни -86 кг
1. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
2.Умар Бозоров (Ӯзбекистон)
3.Қавибозу Масъуд (Эрон)
3. Асюлбек Уулу Жамалбек (Қирғизистон)
Вазни +86 кг
1. Муҳсин Ҳисомиддинов (Ӯзбекистон)
2.Ҷавод Моради (Эрон)
3.Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадкарим Хуррамов (Ӯзбекистон)