22-май маросими қуръакашии ULAANBAATAR GRAND SLAM 2023 баргузор гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 345-варзишгар (183-мард, 162-зан) аз 44-кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6-варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
Дар вазни -60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
Дар вазни -60кг – Меҳрзод Суфиев
Дар вазни -66кг – Обид Ҷебов
Дар вазни -73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
Дар вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён
Дар вазни +100кг – Мансур Раҳмон
Мусобиқаи ULAANBAATAR GRAND SLAM 2023 рӯзи 23-июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа 24-июн мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг, рақобат мекунанд. Рӯзи охири мусобиқа 25-июн мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг нерӯ месанҷанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа кишвари моро дар вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қуватов, Меҳрзод Суфиев ва дар вазни -66кг Обид Ҷебов муаррифӣ мекунанд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода ва дар рӯзи сеюм Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100кг барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Меҳрзод Суфиев дар рақобати аввалинаш бо – Боуда Ромарик аз Фаронса қувваозмоӣ мекунад.
Дар ин вазн ҷудокори дигари тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо Неил Макдоналд аз Британияи Кабир рӯи татамӣ мебарояд.
Обид Ҷебов бошад дар вазни -66кг бо Ченг Йен-Минг аз Кореяи Ҷанубӣ нерӯ месанҷад.
Дар рақобатҳои рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро ягона намоянда дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода муаррифгар мебошад. Ӯ дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври 2-юм бо ғолиби ҷуфти Руслан Ҳалавачоу (IJF) / Ли Вон Ҳи (Кореяи Ҷанубӣ) оғоз мекунад.
Инчунин Комроншоҳи Устопириён низ дар рӯзи сеюми мусобиқа рақобатҳоро аз даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арам Григориан (АМА) / Айан Байгази (Қазоқистон) шуруъ менамояд.
Дар вазни +100кг бошад Мансур Раҳмон рақобатро дар даври аввал бо Одил Оразбайеви қазоқ барои роҳ ёфтан ба даврҳои дигар идома медиҳад.
Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000-евро, барандагони медали нуқра 3000-евро ва ҷоизадорони медали биринҷӣ 1500-евро ҷоизапулӣ ба даст меоранд. Инчунин, сар карда аз ULAANBAATAR GRAND SLAM 2023 дар радабандии олимпӣ холшумории 100% шуруъ мешавад. То ин вақт 50% имтиёзҳои варзишгарон ҳисоб карда мешуд.
Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25-июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош кунанд. Дар асоси радабандии олимпӣ аз 25-июни соли 2024 дар ҳар вазн 18-нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ Париж-2024 мешаванд.
Сорбон Амонуллозода