Дастаи «Хуҷанд» дар бозии даври плей-оффи Ҷоми КФО дар мавсими 2023/2024 бо ғолиби ҷуфти «Марв» – «Олой» рақобат мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё вақти баргузории бозиҳои даври муқаддамотӣ ва марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-ро дар мавсими 2023/2024 эълон кард.

Барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО дар мавсими 2023/2024 дар минтақаи марказӣ бо ғолиби даври муқаддамотӣ «Марв» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) вомехӯрад. Ин рақобат рӯзи 22-август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО дар мавсими 2023/2024 миёни дастаҳои «Марв» ва «Олой» рӯзи 15-август дар Туркманистон баргузор мешавад.

Даври муқаддамотии Ҷоми КФО ва марҳилаи плей-офф аз як бозӣ иборат хоҳад буд.

Дар сурати муваффақ шудан дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар баробари бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) ҳақи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии минтақаи марказиро пайдо мекунад.

Даври гурӯҳии Ҷоми КФО дар мавсими 2023/24 дар минтақаи марказӣ 20-сентябр оғоз шуда, 14-декабр ба анҷом мерасад. Танҳо ғолиби гурӯҳҳо ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ меёбанд.

Сорбон Амонуллозода