Раёсати КҲФ дар ВМКБ низ роҳандозӣ кард. Кормандони ин Раёсат бо донишҷӯён ва муаллимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқот карданд ва дар мавзуи риояи қоидаҳои бехатарӣ суҳбат намуданд. Онҳо ба ширкаткунандагон дар бораи амният дар соҳили обҳо гуфтанд.
Дар ин бора КҲФ хабар дода, тавзеҳ кардааст, ки фасли тобистон асту ҳаво башиддат гарм мешавад. Одамон бештар дар чунин рӯзҳо ба соҳили обҳо худро мезананд, то муддате ҳам бошд аз гармо ҷони худро дар амон бинанд. Табиист, ки касоне, ки соҳили обҳо мераванд, бояд аввалтар аз ҳама қоидаҳои бехтарии будубош дар ин гуна мавзеъҳоро бидонанд. Кормандону мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабл худро ба ин мавсим омода кардаанд ва тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда миёни мардум корҳои таблиғотӣ мебаранд, онҳоро қоидаҳои бехтарӣ меомӯзанд.
Кормандону мутахассисони Раёсат ҳамчунин ба ширкаткунандагон дар бораи расонидани ёриҳои аввалин ба шахсони ҷабрдида ҳангоми шиновриву оббозӣ нақл карданд ва ин қоидаҳоро амалан ҳам нишон доданд.
Ба роҳ мондани ин гуна корҳои таблиғотӣ ҳамеша муфид аст. Мо ҳамарӯза шоҳиди дар обҳои икшвар ғарқ шудани афроде мегардем, ки аксари онҳо наврасону ҷавононанд. Ва як сабаби ин гуна ҳодисаҳо қоидаҳои шиновариро надониста по гузошта ба обҳо мебошад.