Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ҳифзи саломатӣ ҳангоми ҳарорати баланди ҳаво

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар моҳи аввали тобистон — июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ гармтар пешгӯӣ карда мешавад. Сокинони пойтахт гармии ҳаворо охирҳои моҳи июн бештар эҳсос хоҳанд кард. Зеро дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 13+18 ва баъзе рӯзҳо то 25 дараҷа пешбинӣ шудааст. Рӯзона аз 31+36 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ин робита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи солимӣ ҳангоми хуруҷи мавҷи гармо ва ҳарорати баланди ҳаворо ба сокинон тавсияҳо додааст. Дар ин хусус Вазорати мазкур хабар медиҳад.

Ҳамасола мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба сиҳатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан ба саломатии пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Гармои шадид метавонад сабаби хушкии бадан, офтобхўрдагӣ шавад ва ҳолати гирифторони бемориҳои дилу рагҳои хунгард, гурда, диабети қанд ва диққи нафасро амиқтар намояд.

Вазорат дар ин маврид ба сокинони мамлакат, хусусан ба калонсолон ва нигоҳубини кўдакон чунин тавсия медиҳад:

Бояд ҳуҷраи кор ва хонаашонро салқин нигоҳ дошта, дар давоми рӯз пардаҳои хонаро маҳкам пўшанд, хусусан ҳуҷраҳое, ки дар тарафи офтобрӯяанд;

Тирезаҳоро шабона кушода мондан лозим аст, агар ҳаво шабона салқин бошад. Инчунин шамолдиҳакҳои барқӣ метавонанд то андозае ҳарорати хонаро муътадил нигоҳ доранд, лекин агар ҳарорати ҳаво зиёда аз 35°с бошад, он наметавонад сабаби пешгирии бемориҳое, ки ба ҳарорати баланди ҳаво рабт доранд, гардад;

Нӯшидани мунтазами нӯшокиҳо, махсусан об дар ин ҳолат бисёр муҳим аст. Лекин аз нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртдор худдорӣ намудан зарур мебошад;

Аз зери таъсири бевоситаи гармии офтоб худро дур нигоҳ доред, дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед, хусусан шабона;

Бе зарурат аз хона набаромадан, махсусан дар вақти қиёми рӯз ба манфиат аст;

Дар чунин ҳавои гарм кӯдаконро муддати зиёд дар дохили нақлиёт дар таваққуфгоҳҳо набояд нигоҳ дошт;

Дар ҳаммом бо оби хунук оббозӣ кардан ва ё аз халтачаҳои ях, сачоқчаҳо ва руймолчаҳои тар истифода бурдан тавсия дода мешавад;

Сару либоси сабуки аз матои табиӣ дўхташударо пўшидан зарур аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан, кўлоҳи калон ва айнаки офтобиро истифода намудан хуб аст. Хӯрокҳои сабукро камтар ва тез-тез истеъмол намудан зарур аст;

Нафароне, ки мунтазам доруворӣ истеъмол менамоянд, бояд бо табиби муолиҷавиашон оид ба таъсири доруҳо ва танзими ҳарорати бадан маслиҳат намоянд;

Дорувориҳоро дар ҳарорати зери 25°C (ҳарорати ҳуҷра) ё ин, ки дар яхдон нигоҳ доштан зарур мебошад;

Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, кӯшиш бояд кард, ки ҳарчи зудтар ба корманди тиббӣ маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.