Рӯзи 26-май дар доираи бозиҳои даври 4-уми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола, дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам рақобат намуданд.
Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.
Дар ин рақобат футболбозони тоҷик ба ғалаба наздик буданд, лекин дар лаҳзаҳои охири бозӣ довар ба дарвозаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) таъин кард. Зарбаи 11-метраи ҷаримавиро Муҳаммадалӣ Уринбоев ба гол табдил дода, ҳисоби бозиро 1:1 намуд.
Аз ин қарори ноадолатонаи довар мухлисон ва футболбозони тоҷик норозигӣ баён карданд, ки дар натиҷа довар ба дарвозабон ва сарвони мунтахаби Тоҷикистон корти сурх нишон дод. Ҳамин тариқ бозии мунтахабҳои то 17 солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусовӣ ба поён расид.