Рӯзи ангиштканон муборак!!! Имсол ин сана ба 30-юми август рост меояд

6

Тибқи муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», ҳар сол якшанбеи охири моҳи август “Рӯзи кормандони соҳаи ангишт” қайд карда мешавад. ки  имсол ин сана ба 30 август рост меояд.

Пайваста афзоиш ёфтани эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба ангишт, ҳамчун манбаи асосии тавлиди энергия, зарурияти ба роҳ мондани раванди истеҳсоли маҳсулоти мазкурро бо риояи муқаррароти санадҳои  меъерии ҳуқуқӣ, қоидаҳо ва тартиботҳои соҳавии технологияи истихроҷу коркард, бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавиро тақозо намуд.

2Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар  дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 12 млн тонна ангишт истихроҷ карда шуда, дар натиҷаи амалигардонии иқдомҳои пешгирифта дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи ангишт, истихроҷи ангишт аз 309 ҳазор тоннаи  соли 1991 ба 2 млн 28 ҳазор тонна дар соли 2019 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда дастоварди баландтарин дар давраи истиқлолияти кишвар ва таърихи саноати ангишти мамлакат мебошад.

Истихроҷи ангишт дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби 8 корхона дар 6 кон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми он ба  969,3 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 32,3  ҳазор тонна (103,5%) ва нисбат бақамин давраи соли сипаригардида 10,1 ҳазор тонна (101,1%) барзиёд таъмин карда шуд. Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 25 августи соли равон бошад ба 1 млн 164қазор тонна  расонида шуда,қар шабонарўз аз 8 то 11қазор тонна истихроҷ мегардад.

Дар ноил шудан ба ин дастовардҳо, саҳми корхонаҳои дар назди  конҳои ангишти “Фон-Яғноб” ва “Зиддӣ”  фаъолияткунанда назаррас мебошад.

4

Ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 59,6 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 40,4 фоиз, инчунин бо тарзи кушод 93,0 фоиз ва зеризаминӣ 7,0 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра, харидории ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1177 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки асосан ангишт барои зиёд намудани истеҳсоли барқ ва бо гармӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе, ба Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол дода мешавад.

Соли ҷорӣ,  ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 (МБГ-2 ш. Душанбе)  интиқоли 1300000 тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То 25 августи соли ҷорӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ба  МБГ-2 зиёда аз 681,6 ҳазор  тонна ангишт интиқол дода шудааст.

Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ дар қафт моҳи соли равон ба 4,0 млн м3,  корҳои нақбканӣ ва омодасозӣ ба 4105 м/ тулонӣ  ва корҳои  таъмиру барқароркунӣ ба  2300 м/ тулонӣ  расонида шудааст.

5

Вобаста ба истихроҷ, истифода ва дурнамои фаъолияти корхонаҳои соҳаи ангишт  мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки яке аз принсипҳои асосии он саноатикунонӣ мебошад, “Стратегияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва  «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро моҳи августи соли 2019 тасдиқ намуд ва дар ин замина Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” –ро таҳия намуда,  дар  мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки амалишавии он ба рушди  соҳа мусоидат менамояд.

Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳаи истихроҷи ангишт, ин  заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо, инчунин коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Дар марҳилаҳои амалишавии ҳадафҳои гузошташуда ба масъалаи коркарди зеризаминии конҳо таваҷҷуҳи  махсус дода шуда, ба ин мақсад ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Новобаста аз мушкилотҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ, ҳамзамон таъсири ҷиддии пандемияи бемории сироятии COVID-19, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон” ва  Департаменти истихроҷи ангишти  ҶСП “Комбинати металлургии Тоҷик”  чораҳои дахлдор андешида шуда, дар  нимсолаи аввали соли ҷорӣ    ба маблағи 12,0 млн сомонӣ 13 адад техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ харидорӣ  намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *