18 ва 19 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конгресси якуми нейрохирургҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионии нейрохирургия» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, мутахассисон аз як қатор кишварҳо ва доираи васеи кормандони соҳаи мамлакат иштирок намуданд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорати мазкур хабар дод.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, аз ҳамкориҳои вазорат бо коршиносону мутахассисони хориҷӣ ва шарикон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қайд гардид, ки бахши нейрохирургия яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, баҳри рушду пешрафти соҳа дар мамлакат тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтааст.
Дар конгресс ҳамзамон як қатор меҳмонон бо сухани ифтитоҳӣ низ баромад намуда, барои баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.
Дар идома як қатор мутахассисони мамлакат вобаста ба паҳлуҳои гуногун ва вазъи соҳа баромад намуданд.