Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Россия муаррифӣ мешавад

Ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ҷалби сайёҳону ҷаҳонгардони Россия сафари намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат ба минтақаҳои Санкт-Петербург, Самара, Казан, Тюмен ва Уфа-и Федератсияи Россия ташкил гардида, вохӯриҳо бо доираҳои сайёҳӣ ва соҳибкории ин кишвар анҷом дода мешавад. Сафари ҳайати кишвар ба минтақаҳои Федератсияи Россия аз 14 май оғоз гардида, то 22 майи соли ҷорӣ идома меёбад.

Зимни вохӯриҳо суъбектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ тариқи рӯнамо вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар, аз ҷумла сайёҳии табобатию солимгардонӣ, экологию куҳнавардӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот пешниҳод менамоянд.

Қобили қайд аст, ки ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои харитаи роҳи Тоҷикистон ва Россия, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия моҳи марти соли 2023 дар ҳошияи сафари раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ба имзо расид, амалӣ шуда истодааст.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ Федератсияи Россия, аз ҷумла “Интурмаркет”, “МИТТ” ва Новосибирск ширкат варзида, гўшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо маводҳои таблиғотиву ташвиқотӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишвар ба бозори сайёҳии Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамоянд.

Қобили қайд аст, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия 17 апрели соли 2019 созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шудааст.