Аҳмад Саидмуродзода: Дар зарфи си соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат рушд кардаанд

      23 созишномае, ки дирӯз  миёни Ҷуҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон  ба имзо расид, барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои ду кишвар саҳми босазо мегузорад. Бино ба иттилои коршиносони умури сиёсии кишвар муносибатҳои дӯстиву ҳамкории ду давлат давоми 30 соли равобити дипломатӣ ба куллӣ тараққӣ ёфт ва ин аз пеш гирифтани  сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат гувоҳӣ медиҳад. Доир ба самтҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мусоҳибаи Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттлоотии радиои Тоҷикистон Машраби Холмаҳмад бо Сардори Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода пешкаш мегардад.

      Машраби Холмаҳмад: Рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистонро чи гуна арзёбӣ мекунед:

      Аҳмад Саидмуродзода: Солҳои охир ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон бо кӯшишҳои тарафайн рушд намуда, дар натиҷаи сафарҳои мутақобила пайваста равобити  гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи баланди тараққиёт расидааст. Дар муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо тули беш аз 30 соли истиқлоият ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешида дар ин самт ба дастовардҳо ноил гаштаанд.   Нақши асосӣ ва роҳи аз ҳама беҳтарини таъмиқи муносибатҳо ин рушди муносибатҳои тиҷоратӣ мебошад ва дар ин росто миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон тайи солҳои охир комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Танҳо дар як соли охир ҳаҷми табодули савдо байни ду кишвар зиёда аз 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба соли 2021 30,7 фоиз зиёд мебошад, яъне 2,7 маротиба зиёд аст. Дар соҳаи тиҷорат ин теъдоди хуб аст. Миёни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон  дар байни кишварҳои ИДМ Туркманистон ҷойи панҷумро гирифтааст.

Машраби Холмаҳмад: Тавре медонем Туркманистон аз захираҳои сарватҳои зеризаминӣ алалхусус аз газу нафт бой аст ва дар ин самт ҳамкориҳои ду кишвар чи гуна аст?

      Аҳмад Саидмуродзода: Тайи сӣ соли равобити дипломатӣ муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бисёр соҳаҳо фаъолона рушд карда, ҷонибҳо дар таҳкими ҳамкориҳои худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Самти дигари ҳамкорӣ бо Туркманистон дар бахши нақлиёт,  химия ва нафт мебошад, ки ҷониби сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон зимни шартномаҳои мутақобилан судманд имконоти транзитии Туркманистонро ҷиҳати ҳамлу нақли бор босамар истифода мекунанд.   Пушида нест, ки Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хуби транзитии Туркманистон истифода бурда истодааст ва гузашта аз ин дар соли 2022 беш аз 30 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ворид гардид.

      Машраби Холмаҳмад: Тоҷикстон дар доираи кадом Созмонҳои байналмилалӣ бо Туркманистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст?

      Аҳмад Саидмуродзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ ва дигар Созмонҳои байналмилалӣ бо мавқеи ягона дар ҳалли ағлаби масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста бо Афғонистон  баромад мекунанд. Ҳамеша Туркманистон дар Созмонҳои байналмилалӣ  аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин гуфтан ба маврид аст, ки ду кишвар дар доираи созмонҳои зикршуда ҳамкориҳои судмандро дар минтақа ба роҳ мондаанд. Дар доираи фаъолияти Созмонҳо мавқеъгирии ҷонибҳои Туркманистон ва Тоҷикистон наздик ҳастанд. Тоҷикистон бо Туркманистон натанҳо дар доираи СММ, ИДМ, САҲА ва ҳатто дар доираи СҲШ низ фаъолият хуб дорад ва тавре медонем имсол Тоҷикистон мизбони вохурии панҷуми ҷашни  машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад ва кишвари мо аллакай тасдиқи расмии иштироки Президенти он мамлакат муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедовро гирифтааст. Ин чорабинӣ санаи 14 – 15 – уми сентябри соли равон  дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

      Ҳамчунин ҷонибҳо дар зарфи си соли равобити дипломатӣ  ба рушди бахши гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Машраби Холмаҳмад,

Радиои Тоҷикистон.