Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо боғдорони Суғд ҳамкорӣ менамояд

Дар​ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» қабули мева дар мавсими имсола​ оғоз гардида, корхона метавонад аз боғодорон меваҳоро харидорӣ ва коркард намояд. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхона маълумот дода шуд.

Бино ба иттилои масъулин дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, дар соли равон қабули мева оғоз гардидааст. Ҳамарӯза аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки иқлими нисбатан гарм дорад, зиёда аз 20 тонна зардолу қабул карда шуда, дар назар аст, ки соли равон 5 ҳазор тонна зардолу коркард гардад. Корхона имсол дар маҷмуъ беш аз 25 ҳазор тонна меваҳои гуногунро қабул ва коркард хоҳад кард. Аз ин лиҳоз боғдорони вилоят метавонанд барои ҳамкорӣ ба корхона муроҷиат намуда, меваҳои худро фурӯшанд.​ ​ ​

Хотирнишон бояд, кард, ки корхонаи маъруфи «Оби зулол»​ соли 2000 мавриди истифода қарор дода шуда, яке аз корхонаҳои калонтарини саноатии шаҳри Истаравшан ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» 10 гектарро ташкил медиҳад.​ Самти асосии фаъолияти ҷамъият истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли мураббо, афшураҳои мевагӣ ва истеҳсоли ғизои кӯдаконро дар бар мегирад.