5-6 май бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад), дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз эҳтимол дур нест.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётгард худдорӣ намуда, ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд.