Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор гардид.
Дар он беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасонии ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон, Ҳиндустон ва Туркия иштирок доштанд. Иштирокчиён молу маҳсулоти худро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра пешкаши хозирин намуданд.
Намоишгоҳ то 7 май идома карда, макони баргузории он шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» мебошад. Ташкилкунандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Мақсади намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалб намудани шарикони рушд, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Ширин Иноятова,
Радиои Тоҷикистон